Бо супориши командир сарбоз ба ҷойи хизмат соҳибкорӣ мекард

Командири ротаи таъминоти моддӣ-техникии қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Маҳмадраҷаб Қурбонов роҳи нави пулкоркуниро ёфта буд. Бино ба иттилои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, аз моҳи сентябри соли гузашта то моҳи феврали соли равон ӯ сарбози қаторӣ Маҳмадзариф Саидовро аз хизмат озод карда, ба устохонаи таъмири мошинҳо мефиристодааст, ки дар ноҳияи […]

Командири ротаи таъминоти моддӣ-техникии қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Маҳмадраҷаб Қурбонов роҳи нави пулкоркуниро ёфта буд.

Бино ба иттилои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, аз моҳи сентябри соли гузашта то моҳи феврали соли равон ӯ сарбози қаторӣ Маҳмадзариф Саидовро аз хизмат озод карда, ба устохонаи таъмири мошинҳо мефиристодааст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар хонааш воқеъ будааст.

“Сарбоз ба таъмири автомашинаҳо машғул шуда, табиист, ки барои кори худ ҳақмузде намегирифт, – қайд мешавад дар хабар. – Ҳангоми санҷиши ҳайати шахсӣ, ки худи командир мегузаронд, дар китоби санҷиши ҳозирбошии рота, сарбозро сохтакорона дар қисми ҳарбӣ ҳамчун ҳозирбуда дарҷ мекард”.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе командири “корчаллон” ба маблағи 17 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шудааст. Суд ӯро аз ҳуқуқи идомаи хизмати ҳарбӣ маҳрум накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.