Ҷазои то 5 соли зиндон барои паҳнкунии коронавирус

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷорисозии ҷавбогарии ҷиноятӣ барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷонибдорӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон 4-уми июл тағйиротро ба моддаи 207 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст) имзо кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, мувофиқи тағйирот, дар кишвар […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷорисозии ҷавбогарии ҷиноятӣ барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷонибдорӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон 4-уми июл тағйиротро ба моддаи 207 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст) имзо кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, мувофиқи тағйирот, дар кишвар барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти коронавирус ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ мешавад.

Барои касоне, ки чунин ҷиноят содир мекунанд, то 5 сол ва агар ин амал ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боис гардида бошад, аз 5 то 10 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷазо барои паҳнкунии бемории сироятӣ дар моддаи 207-и КҶ ҶТ зикр гардида буд. Акнун онро таҳрир ва илова карданд.

Дар моддаи “Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст”, ҷазои ҷаримаи калон, корҳои ислоҳӣ ё маҳрумият аз озодӣ то 2 сол пешбинӣ гардида буд.

Дар тағйирот шарти нави “дар сурати пайдо шудан ва паҳншавии бемории барои одам хатарнок” илова шуд, ки мувофиқи он ҷазо то 5 соли зиндон дароз мешавад. Қаблан дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Равшан Раҷабзода изҳор дошта буд, ки вазъияти ҷории вобаста ба пандемия низ ба ҳамин ҷо дохил мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми июл раисҷумҳур тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятиро имзо кард.

Мувофиқи ин тағйирот, барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО ҷарима ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷорӣ мешавад.

Минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Тағйиру иловаҳо пас аз нашр дар васоити ахбори умуми давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.