Шумори аттраксионҳо дар Боғи ҳайвоноти Душанбе торафт зиёд мешавад

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе ҷойи нави Боғи ҳайвоноти Душанберо муайян кард: он дар канори шимолии пойтахт, дар наздикии соҳили дарёи Варзоб сохта мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар боғи ҳайвоноти ҳозира шумори аттраксионҳо торафт зиёд шуда истодааст, ки дар навбати худ қаламрави барои зисти ҳайвонот таъиншударо маҳдуд мекунад.

Дар шаҳрдорӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе ба мо муяссар нашуд, ки дар бораи сохтмони боғи ҳайвоноти нав маълумот дастрас кунем. Хабаргузории “Фергана” дар ин бора чунин маълумот медиҳад.

Тарҳи боғи ҳайвоноти нав аз ҷониби лоиҳакашони Маскав ба баррасии раёсати меъморӣ пешниҳод шуда, лекин бар асари оғози пандемия ва қатъи иртиботи ҳавоӣ лоиҳакашони Русия кори худ ва таҳияи санади хароҷотро ба анҷом расонида натавонистанд. Аз ин рӯ, таҳияи тарҳ ва нақшаи сохтмонро мутахассисони тоҷик ба охир расониданд.

Айни замон лоиҳа бояд аз ҷониби раиси пойтахт тасдиқ шуда, сипас сохтмон оғоз мегардад.

Ин маълумотро корманди боғи ҳайвонот ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

– Мо чор сол инҷониб нияти кӯчидан дорем, лекин алҳол муяссар намегардад, – иброз дошт ӯ. – Ҷойи боғи ҳайвоноти нав дар самти Варзоб муайян карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш директори боғи ҳайвонот Маъруф Тошев ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буд, ки ҳозир ҳавзҳо барои ҳайвонот таъмир шуда, қаламрави боғ навсозӣ мешавад.

Баъди ин хабарнигори мо Абдуллоҳ Ғуарбатӣ ба боғи ҳайвонот рафта, аз вазъи ҳозираи қаламрави он якчанд акс бардошт.

Ба гуфтаи ӯ, қисмате аз қаламрави боғро барои гузоштани аттраксионҳои нав истифода карда истодаанд. Дӯкону дигар нуқтаҳои фурӯш торафт ба катаку қафасҳои ҳайвонот наздиктар мешаванд.

– Дар баъзе ҷойҳо ин дӯкону нуқтаҳои фурӯш ҳатто ба катакҳои ҳайвонот расидаанд, – мегӯяд Абдуллоҳ.

Ба гуфтаи ихтиёрӣ (ризокор) Елена Бухариева, ки мунтазам ба боғи ҳайвоноти пойтахт кумак мекунад, дарвоқеъ ҳам дар боғ аз ҳисоби ҳукумат корҳои таъмир ҷараён дошта, мушкилии таъминот бо об ҳал ва ҳамаи ҳайвонот бо об таъмин шудаанд.

“Лекин худи боғи ҳайвонот бештар ба макони истироҳату фароғат барои одамон табдил ёфта истодааст ва шумори аттраксионҳо торафт бештар мешавад”, – мегӯяд номбурда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...