Хадамоти зиддиинҳисорӣ асоснокии болоравии нархи гази моеъро месанҷад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши Тоҷикитсон то 4,40 сомонӣ боло рафта, ба гароншавии хизматрасонии такси ва нақлиёти боркаш боис гардид.

Ба ақидаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдумаҷид Муминзода, ҳозир қимат шудани газ ба манфиати худи ширкатҳои воридкунанда низ нест, зеро ронандагони автомашинаҳо метавонанд ба истифодаи бензин гузаранд.

“Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ метавонанд мизоҷони худро аз даст дода, мутаносибан даромадашон ҳам кам мешавад”, – иброз дошт ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Тибқи маълумоти санҷиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба ин масъала, арзиши аслии яклухти воқеии як литр гази моеъ дар бозори дохилӣ 3 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад.

Айни замон гурӯҳҳои кории Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба санҷиши як қатор ширкатҳои воридкунандаи газ дар мавриди ин масъала оғоз кардаанд.

“Дар сурати ошкор шудани беасос боло бурдани нарх қонуншиканон ҷазои маъмурӣ мегиранд”, – ваъда дод роҳбари Хадамот.

Зикр шуд, ки 15 ширкат ба таҳвили гази моеъ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ машғуланд ва ҳиссаи ҳеҷ кадоме аз онҳо беш аз 20% нест. Ширкати ватании “Алад” ба 17% ва “Газпром” – ба 8,4% ҳиссаи бозори гази моеъ дар Тоҷикистон соҳибанд.

Қобили зикр аст, ки бинобар мавҷуд набудани субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори гази моеъ мавқеи ҳукмфармо дошта бошанд, Хадамоти зиддинҳисорӣ ба дахолат дар ҷараёни нархгузории газ ҳуқуқ надорад.

Мувофиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, субъекти хоҷагидоре, ки ҳиссаи он дар ин ё он бозор на камтар аз 35%-ро ташкил медиҳад ё се ширкате, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 50% ва ё панҷ субъекте, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, субъекти ҳукмфармо шуморида мешаванд.

Тоҷикистон ҳамасола ба зиёда аз 400 ҳазор тонна гази моеъ ниёз дорад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба ҷумҳурӣ беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...