Муҷозоти 173 мансабдори давлатӣ барои хунукназарӣ нисбат ба харҷи маблағҳои буҷет

Аваз Юлдошев

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ барои хунукназарӣ зоҳир намудан нисбат ба хароҷоти маблағҳои буҷетӣ 173 мансабдори давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб шуданд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал аудиторони Палата ҷиҳати ошкор кардани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет дар 111 муассисаи давлатӣ санҷиш гузарониданд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш ба маблағи 89 млн сомонӣ зиён ошкор гардида, зарари расонида пурра барқарор шуд”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, баргузории санҷишҳои аудиторӣ дар муассисаҳои давлатӣ 45 адад кам шуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта маблағи зиёни ошкоршуда қариб 6,3 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Раиси Палатаи ҳисоб ҳамчунин қайд кард, ки бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Палата аввали сол санҷишҳои аудиториро дар 27 корхонаи истеҳсолкунандаи семент ва маъданҳои кӯҳии кишвар бекор кард.

Зикр шуд, ки сарвари давлат бо мақсади беҳубди самаранокии фаъолият санҷишҳои аудиториро дар ин корхонаҳо бекор кард.

“Бекор шудани санҷишҳо ба паҳншавии сирояти коронавирус дахл надорад, президент онҳоро ҳанӯз аввали моҳи январ, хеле пештар аз пайдо шудани пандемия дар Тоҷикистон бекор карда буд”, – илова кард Чиллазода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...