Пандемия Тоҷикистонро аз дастрасӣ ба 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант маҳрум кард

Аваз Юлдошев

Дар робита ба пандемияи COVID-19 сармоягузорони байнулмилалӣ ҳаҷми ҷудо кардани қарзу грантҳоро ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон кам мекунанд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки бинобар пайдошавии пандемия барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант гирифта натавонист.

Ғайр аз ин, изҳор дошт Чиллазода, баста шудани сарҳадҳо байни кишварҳо, саривақт ба нуқтаи таъинот нарасидани бору маҳсулот, ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони хориҷӣ мушкилоти иловагиро дар масъалаи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба бор оварданд.

Тавре қаблан хабар дода шуд, бар асари пандемия мутахассисони Чин барои иштирок дар корҳои сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки марҳилаи аввали корҳои таъмиру навсозиро дар роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар дар муҳлати пешбинишуда анҷом додан имкон надорад, зеро мутахассисони Чин алҳол ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...