Омбудсмен: “Доир ба қонуншиканӣ дар мавсими даъвати ҳарбӣ ягон муроҷиат ворид нашудааст”

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ доир маҷбурӣ ба хизмат бурдан ва шиканҷаҳо дар сафи артиш ба идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон ягон муроҷиат ворид нашудааст.

“Омбудсмен асосан бар асос ё мавҷуд будани ариза аз шаҳрвандон кор мекунад. Агар хато накунам, тӯли ним сол дар бораи қонуншиканиҳо ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ба мо арзу шикоят ворид нашудааст. Бо вуҷуди ин, Омбудсмен ҳамеша ба баррасии чунин ҳодисаҳо омода аст”, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, доир ба ҳолатҳои мавриди шиканҷа ва лату кӯб қарор гирифтани сарбозон дар сафҳои артиш низ шикоят нашудааст.

“Дар шаш моҳ оид ба шиканҷа се муроҷиат қабул шуд, лекин на аз қисмҳои ҳарбӣ. Шояд дар артиш чунин ҳодисаҳо ҷой дошта бошанд, лекин муроҷиат набуд ва мо хабар надорем. Се муроҷиат зикршуда оид ба нақзи ҳуқуқ ҳангоми боздошт буданд, лекин тасдиқ нашуданд”, – илова кард Бобозода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...