Шумори дақиқи сироятёфтагон ва фавтидагон аз COVID-19 дар Суғд 21 июл маълум мешавад

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Аз замони сабти аввалин ҳолатҳои бемории илтиҳоби шуши махсус то имрӯз дар муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд 3093 нафар табобат гирифтаанд, ки 2347 нафарашон сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки 1553 кас дар бемористону 794 нафар дар марказҳои саломатӣ муолиҷа гирифтанд. Аз моҳи феврал то имрӯз 1789 нафар муҳоҷироне, ки аз хориҷи кишвар омаданд, дар карантин қарор доштанд.

“Доир ба шумори дақиқи сироятёфтагон аз коронавирус дар маркази вилоят, байни табибон, инчунин далелҳои фавт аз COVID-19 дар нишасти матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзи 21 июл маълумоти муфассал ва таҳлили ҳамаҷониба пешниҳод мешавад”, – гуфт Маъруф Муҳаммадзода.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода қайд кард, ки аз оғози сабти нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд 4 госпитал – беморхонаи вилоятӣ, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи шаҳрии №2 ва беморхонаи шаҳрии сироятӣ барои табобати ин гуна беморон омода шуда, фаъолият мекарданд.

“Ҳозир вазъ рӯ ба беҳбудӣ оварда, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар беморхонаҳои вилоят 50 нафар муолиҷа мегиранд, ки 35 нафарашон муҳоҷирони ба ватан баргаштаанд. Боқимонда дар хонаҳояшогн табобат мегиранд. Маълумот дар бораи шаҳрвандони ба беморхона овардашуда бо касалии илтиҳоби шуши махсус ё ташхиси тасдиқшудаи COVID-19 дарҳол ба Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологӣ фиристода мешавад”, – гуфт Фирӯза Нуруллозода.

Раиси шаҳр инчунин зикр кард, ки “айни замон мо ба таъмини табибон бо ҳамаи воситаҳои зарурии муҳофизатӣ имкон дорем”.

“13 корхонаи шаҳр ба маблағи беш аз 37 млн сомонӣ воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истеҳсол карданд. Дар корхонаҳои “Ҷавонӣ” ва “САТН” истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, муассисаҳои тиббӣ бо он таъмин мешаванд “Нассоҷи Хуҷанд” корҷомаҳои муҳофизатӣ медӯзад”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки имрӯз дар Хуҷанд 75 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) вуҷуд дошта, тамоми муассисаҳои тиббӣ бо мавод ва дорувории зарурии тиббӣ таъмин мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...