Ба марди духтарро дар Ҳисор таҷовузкарда 20 соли зиндон таҳдид мекунад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар парвандаи духтари 12-сола дар Ҳисор, ки ҳамсояи 42-солааш ба номуси ӯ таҷовуз кард, ба сифати ҷониби ҳимояи духтар иштирок мекунад.

“Айни замон тафтишот идома дорад. Нисбат ба гумонбаршуда Ҳуснӣ Абдуллоев мутобиқи моддаи 138, қ. 3 (Таҷовз ба номус) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ ҷазои аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” Гулчеҳра Раҳмонова.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон духтар давраи офияту тавонгириро гузашта, ба ӯ ташхиси равонӣ таъин шудааст.

“Бо духтар адвокату равоншинос кор бурда, инчунин ӯ кумаки тиббӣ мегирад”, – иброз дошт номбурда.

Гумонбаршуда падариашро рад мекунад

Дар нишасти матбуотии Прокуратураи генерали зикр гардид, ки барои муайян кардани падари кӯдак аз духтар ташхиси ДНК (захираи иттилоотии генетикии инсон) гирифта мешавад.

“Ташхис барои он гузаронида мешавад, ки гумонбаршуда ба содир намудани ҷиноят падари кӯдаки духтар будани худро рад мекунад”, – гуфта буд он замон муовини сардори шуъбаи тафтишоти пешакии Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Фаррух Рауфов.

Ба қавли Гулчеҳра Раҳмонова, хун барои ташхис аллакай гирифта шудааст.

“Барои ташхис аллакай хун гирифта шуда, лекин то ҳол адвокатро бо он шинос накардаанд. Аз ин рӯ, алҳол чизеро шарҳ дода наметавонам”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар Ҳисор марди 42-сола ба номуси духтари 12-сола дастдарозӣ намуда, ӯ кӯдак таваллуд кард. Айни замон гумонбаршуда ба ҳабс гирифта шуда, парванда аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор тафтиш мешавад.

Ба гуфтаи духтари ҷабрдида, 9 августи соли 2019 хешашон (писари тағо) Ҳуснӣ Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ ва таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, мекушад. Ин амал минбаъд маҷбурӣ чандин маротиба такрор шудааст.

Чанде пеш журналистони “Азия-Плюс” ба Ҳисор рафта, бо худи духтари ҷабрдида ва волидону хешовандони ӯ суҳбат карданд. Маводи муфассал дар бораи суҳбати онҳо дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...