Аз куштори Ҳувайдо 2 сол сипарӣ шуд. Қотил ҳанӯз ҷазо нагирифтааст

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз, 22-юми июл аз куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпуховои Русия бераҳмона кушта шуд, 2 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба “Азия-Плюс” гуфт, ки тӯли ин солҳо мунтазири маҳкум шудани қотили фарзандаш аст ва танҳо баъд аз ҳукми додгоҳ ба Тоҷикистон назди ҳамсару фарзандонаш баргашта метавонад.

Вай афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

“То нисбат ба Сёмин додгоҳ ҳукм набарорад, ман наметавонам ба ватан баргардам. Аз сабаби пандемия дар ҷаҳон гарчанде имрӯз ба мушкилоти зиёди молиявӣ дучор шудаам, вале то охирин лаҳза бояд ин ҷо бошам”, – изҳор дошт падари Ҳувайдо.

Ҳамзамон аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ӯ гуфтаанд, ки то охирин фурсат дар паҳлӯяш ҳастанд. Ӯ ҳамарӯза бо ҳимоятгараш дар тамос аст ва мурофиаи додгоҳии навбатиро мунтазиранд.

Шавкат Умаров, ҳимоятгари Саидов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, Александр Сёмин дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад, аммо айни замон парванда қатъ карда нашудааст ва тафтишот идома дорад.

“Сёмин ҳамчун гумонбар боздошт гардидааст, аммо то ҳол айбдорӣ ба ӯ расман эълон карда нашудааст. Ҳоло аз беморхона ҷавоб шудан ва ба суолҳои мо посух гуфтани ӯро интизорем. Дар моҳи август боз як комиссияи дигар баргузор мешавад, ки ҳар 6 моҳ доир мегардад. Дар он аз вазъи саломатии гумонбар маълумот медиҳанд ва дар ҳолати хуб буданаш тафтишот дубора оғоз мешавад. Мо тамоми вазъиятро назорат мекунем. Сёмин наметавонад муддати тӯлонӣ дар беморхонаи рӯҳӣ бимонад. Мо ҳамаи маводи лозимаро ҷамъоварӣ кардаем ва то охирин нафас барои адолат ҳамроҳи падари духтарак талош мекунем”, – изҳор дошт Умаров.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Куштори Ҳувайдо аз пурсарусадотарин қазияҳо буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод. Ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро дархост кард. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия изҳор дошт, ки барои ҷазо гирифтани қотили ин кӯдаки 5-солаи тоҷик шубҳае нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...