Даромади ташкилотҳои қарзии низоми бонкӣ бар асари пандемия 52,1 млн сомонӣ кам шуд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар давраи аз моҳи апрел то июн дар кишвар 107 дафтари кории хизматгузории бонкӣ баста шуда, қариб 2800 нафар кормандони он ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки бар асари пандемия даромади ташкилотҳои қарзии низоми бонкӣ ба андозаи 25,6% кам шуд.

“Ҳарчанд бар асари паҳншавии пандемияи коронавирус даромади ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25,6% ё худ 52,1 млн сомонӣ кам шуда бошад ҳам, дар умум онҳо нимсоларо бо фоидаи 151 млн сомонӣ ҷамъбаст карданд”, – гуфт раиси Бонки миллӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон пардохтҳо ба буҷетро ба сурати умум ба маблағи қариб 200 млн сомонӣ иҷро кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5% ё худ 16 млн сомонӣ зиёдтар аст.

“Қобили зикр аст, ки дар робита ба пандемияи коронавирус низоми бонкӣ дар давраи моҳҳои апрел-июн ба мушкилоти зиёд дучор шуд, аз ҷумла дар ин давра 107 марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъолияти худро боздошта, 2770 нафар кормандонашон ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Бо вуҷуди ин, дар ин давра 29 маркази нави хизматгузории бонкӣ боз шуд”, – иброз дошт ӯ.

Зикр шуд, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби БМТ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои пандемияи COVID-19, инчунин коҳиш додани хароҷотҳои иловагӣ ва арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, муваққатан то 31 декабри соли 2020 бо пули миллӣ ба андозаи 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шуда, мувофиқан дар сатҳи 1 ва 5 банди фоизӣ қарор дода шуданд.

“Иқдоми мазкур имконият фароҳам овард, ки вазъи ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар гардонида, маблағи 241,7 млн. сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд , – илова кард Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...