Ректори донишгоҳи Бохтар: “Кафедраи ҳарбӣ рақобати солимро аз байн мебарад”

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар нишасти хабарии 21-уми июл гуфт, ки мавҷудияти кафедраҳои ҳарбӣ рақобати солиму устувори байнимуассисавиро аз байн мебарад.

“Дар соли хониши 2019-2020 ба донишгоҳҳои дигар 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар кӯч бастанд. Ин ду омил дорад. Яке аз ин омилҳо он аст, ки дар аксари мактабҳои олӣ кафедраҳои ҳарбӣ мавҷуданд”, – изҳор дошт ректор.

Вай афзуд: “Яке аз маъракаҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон даъвати ҳарбӣ аст. Вақте хатмкардаи мактаби олӣ меравад, ӯ рутбаи афсар мегирад, зеро кафедраи ҳарбӣ хондааст. Агар ҳамчун афсар ба хизмати ҳарбӣ даъват шавад, бо маоши муносиб меравад. Агар не, ба ихтиёри худ мегарадад. Дар мактабҳои олие, ки кафедраҳои ҳарбӣ нест, ин зуҳурот нест”.

Сайфиддин Давлатзода омили дигари кӯч бастани донишҷӯёнро аз донишгоҳҳои музофотӣ норасоии нерӯи кадрӣ, воситаҳои таълимӣ ва усули дарсӣ арзёбӣ кард.

“Ҳанӯз дар музофотҳо норасоии нерӯи кадрӣ аз фанҳои дақиқ ва равияи техникию технологӣ ба назар мерасад… Пешаи омӯзгорӣ заҳматталаб аст, ҳар кас намехоҳад омӯзгор бошад ва таълимгирандаи имрӯза низ аудиторияе ҳаст, ки на ҳар омӯзгорро бардошта метавонад. Ман фикр мекунам, ин яке аз омилҳои навбатии кӯч бастани донишҷӯён ба дигар мактабҳои олӣ мебошад”, – гуфт ректор.

Ба қавли ӯ, давоми як соли охир 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба донишгоҳҳои дигар гузаштаанд. Ҳамзамон аз мактабҳои олии дигар ба ин донишгоҳ 15 нафар донишҷӯён омадаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...