“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро пардохтанд

Date:

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро баргардониданд.

“Тоҷиксодиротбонк” шумори қарздорони худро аз 9 ҳазор то 4 ҳазор нафар кам кард. Бонк мо қарордоди хуб дошт, лекин алҳол иҷрои он муяссар нашуд. Намехоҳем ҳамаашро ба сари пандемияи коронавирус бор кунем, лекин сарҳадҳо ва алоқаи ҳавоӣ баста шуда, онҳо қарордодҳоро иҷро карда натавонистанд. Ин маънои онро надорад, ки масъулияти бонкҳо назди амонатгузорон бардошта мешавад”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 22 июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Раиси Бонки миллӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” ба амонатгузорони худ 65 млн сомонӣ қарздоранд.

“Қарзи “Фононбонк” ба амонатгузорон 12 млн сомонӣ ва “Тоҷпромбонк” 53 млн сомониро ташкил медиҳад. Тибқи баҳогузории комиссияи ҳукумат, онҳо қарзҳояшонро аз ҳисоби фурӯши амвол пардохт карда метавонанд. Мо чандин маротиба бо амонатгузорони ин бонкҳо вохӯрда, мувофиқи имкон кумак кардем. Онҳо 1000, 2000-сомонигӣ мегиранд, лекин ба ивази пулҳои худ амвол гирифтан намехоҳанд. Аз ин рӯ, онҳоро лозим меояд, ки мунтазир шаванд, то ки бонкҳо амволашонро фурӯхта қарзи онҳоро баргардонанд”, – қайд кард Нурмаҳмадзода.

Қобили зикр аст, ки ду бонки бузурги Тоҷикистон – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” аз соли 2015 дар буҳрон қарор доранд.

Иҷозатномаҳои фаъолияти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 бозхонда шуданд, зеро ин бонкҳо ба минбаъд хизматгузорӣ барои мизоҷон худ имкон надоштанд.

Аввали моҳи марти соли 2017 Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози маҷбурӣ барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ қарор қабул кард. Тибқи маълумоти ҳукумати кишвар, дар рӯйхати амволи “Тоҷпрмбонк” 117 иншоот ва “Фононбонк” – 37 иншоот зикр шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...