Таҷлили дастаҷамъонаи Иди Қурбон манъ шуд

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7 ҳазору 235 нафар расид.

Боз 1 ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 60 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то субҳи 28-уми июл 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 6 ҳазору 28 нафар ё худ 83,3%-ро ташкил медиҳад.

Боз 1 ҳазору 200 нафар таҳти муоинаи табибон қарор дошта ё бо тавсияи табибон дар хонаҳояшон муолиҷа мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз  интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини  бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз  паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардак  дар  рӯзи иди Қурбонро  манъ кард.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, Ситоди ҷумҳуриявӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро вазифадор кард, ки  якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ вобаста ба риоя шудани талаботи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият  бахшанд.

Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ аз сокинони мамлакат даъват кард, ки дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал карда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи   ниқобҳои тиббии муҳофизатиро   қатъиян риоя намоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон имсол Иди Қурбон рӯзи 31 июл ҷашн гирифта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...