Татбиқи 66 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 36,1 млрд сомонӣ

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Айни замон дар Тоҷикистон 66 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 36,1 млрд сомонӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба ҳолати 1 июли соли 2020 бо назардошти анҷоми татбиқ ва роҳандозии лоиҳаҳои нав аз 23 лоиҳаи грантӣ, 8 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа оид якҷо маблағгузории қарз ва грантҳо иборатанд.

Ҳамрализода қайд кард, ки дар сохтори ин лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 18,1 млрд сомонӣ ё худ 50%, маблағҳои грантӣ – 16,5 млрд сомонӣ ё 45,3%, саҳми ҳукумати Тоҷикистон – 1,3 млрд сомонӣ ё 3,6% ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла корхонаҳои давлатӣ, мақмоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сарпарастон ва дигарон – 384,5 млн сомонӣ ё 1,1%-ро ташкил медиҳанд.

“Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда 1,2 млрд сомонӣ маблағҳо азхуд шуданд, ки дар умум ба 93% аз нақшаи молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ баробар аст”, – гуфт Ҳамрализода.

Дар мавриди татбиқи созишномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода қайд кард, ки бар асари пандемияи коронавирус дар саросари дунё ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо, айни замон ба ҷумҳурӣ омадани мутахассисони машғули кор дар чанде аз лоиҳаҳо ба таъхир афтодааст.

“Ҳозир бо Чин ва як қатор кишварҳои дигар дар бораи ташкили парвозҳои чартерӣ ҷиҳати овардани коршиносони хориҷӣ ва мутахаассисон барои амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, – таъкид дошт раиси Кумита.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар интиқоли таҷҳизоти зарурӣ низ имкониятҳо маҳдуданд, ки ин ҳам ба татбиқи лоиҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...