Меҳмонони тӯйҳо дар Хуҷанд аз тести коронавирус мегузаранд

Asia-Plus

Дар Хуҷанд акнун бидуни огоҳӣ метавонанд марказҳои савдоро, ки тавсияҳои санитарӣ-гигениро дар мубориза бо коронавирус риоя намекунанд, банданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар тўйи хонадоршавӣ шаҳрвандони дар он иштирокдошта бояд аз тести муайяннамоии коронавирус гузаранд.

“Зеро саломатии шаҳрвандон барои давлату ҳукумат аз ҳама манфиатҳо боло меистад”, – таъкид дошт раиси шаҳр.

Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти бархе бозору мағоза ва қаҳвахонаву ошхонаҳои шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки иҷрои тавсияҳои пешбинишудаи беҳдоштӣ шарти муҳими пешгирӣ аз бемории коронавирус буда, дар сурати иҷро нагардидан фаъолияти ин марказҳои савдо бидуни огоҳӣ қатъ карда мешаванд.

“Имрӯз мо фурсат дорем, ки дар ҳамбастагӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз беморӣ тадбирҳои амалӣ андешем, вагарна фардо дер хоҳад шуд ва он идоранашаванда мегардад”, – қайд кард Муҳаммадзода.

Сипас Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳодисаҳои шиддати зиёди мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя ҷалб намуд.

“Таҳлили даҳрӯзаи охир собит менамояд, ки теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мутаасифона, ин беморӣ бидуни нишона зуҳур намудааст, ки ташвишовар гардидааст, – изҳор дошт ӯ. –  Бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ, гигиенияи ҷамъиятӣ риоя намешавад, мардум бениқоб дар ҷойхои ҷамъиятӣ ҳузур доранд. То ҳол оқибатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус «Covid-19»-ро дуруст дарк накардаанд. Бояд қайд намуд, ки танҳо беморони сироятшуда то чӣ андоза вазнин ва тоқатфарсо будани ин бемориро медонанду халос. Зеро вақте ки бемори вазнин мешавед, қадри ҳар як нафас, ҳар як сонияи зиндагиро дарк мекунед”.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии омории Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар як шабонарӯз тайи даҳ рӯзи охири зикршуда тағйир наёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...