Ду мушкили навдонишҷӯёни Хатлон

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Навдонишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар раванди супурдани ҳуҷҷатҳояшон ба ду мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Бохтар садҳо нафар донишҷӯён ва пайвандони онҳо назди шуъбаи №42-и “Амонатбонк” ҷамъ мешаванд, то маблағи ҳаққи шартномаи таҳсилашонро супоранд.

Ба қавли чанде аз ин донишҷӯён ва наздиконашон, дар шуъбаи қабули Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба онҳо гуфтаанд, ки маблағи ҳаққи шартномаи таҳсилро ҳатман бояд дар шуъбаи №42-и “Амонатбонк” супоранд. Дар сурати супурдани маблағ дар дигар шуъбаҳои ин бонк, расидҳоро қабул нахоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол донишҷӯёне, ки имсол тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шудаанд, бояд рӯзи 5-уми август бо ҳама ҳуҷҷатҳояшон ба шуъбаи қабули донишгоҳ ҳозир шаванд.

Гулмаҳмад Холов, сарвари шуъбаи №42-и “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотии ҳафтаи гузашта вобаста ба ин масъала гуфт: “Супурдани ҳаққи шартномаи таҳсил дар шуъбаи мо талаби роҳбарияти донишгоҳ аст. Мо ҳамасола бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем. Бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав борҳо суҳбат доштем ва аз онҳо даъват кардем, то иҷоза бидиҳанд, донишҷӯён дар шуъбаҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои худ маблағи шартномаро пардохт кунанд. Мутаассифона, роҳбарияти донишгоҳ розӣ нашуд”.

Аммо Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки аз тарафи раёсати донишгоҳ ягон монеа нест.

“Айни замон барои сабук шудани кор мо дар худи донишгоҳ нуқтаи пардохти маблағҳои шартномаро аз ҳисоби кормандони “Амонатбонк” кушодем. Ҳамчунин дар шаҳри Бохтар 8 нуқтаи хизматрасонии бонки мазкур фаъолият мекунанд. Донишҷӯён дар ин нуқтаҳо ва ё дар шуъбаҳои “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои худашон маблағро пардохт карда, расидашро ба мо оварда метавонанд”, – изҳор дошт Давлатзода.

Ҳарчанд ректори донишгоҳ мегӯяд, донишҷӯён дар нуқтаҳои гуногуни хизматрасонии бонк ҳаққи таҳсилро пардохт карда метавонанд, аммо донишҷӯён шикоят доранд, ки рӯзи 4-уми август шуъбаи №43-и “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар онҳоро қабул накардааст.

Мушкили дуюми донишҷӯён набудани дастгоҳҳои рентгенӣ дар қисме аз ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аст.

Ин мушкил донишҷӯёнро дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва ғайра саргардон кардааст. Ягона дастгоҳи флюорографӣ дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар аст, ки он ҳам танҳо сокинони худи шаҳрро қабул мекунад.

Ба гуфтаи донишҷӯён, онҳо дар ноҳияҳои худ ҳамаи ташхисҳои дигарро гузаштаанд ва танҳо рентгени қафаси сина (флюорография) мондааст. Онҳо ин намуди ташхисро аз сабаби набудани дастгоҳ дар ноҳияҳои худашон гузашта наметавонанд.

Муҳаммад навдонишҷӯест, ки як ҳафта боз дар ҷустуҷӯйи рентген аст. Ӯ мегӯяд: “Ман дар ноҳияи Кӯшониён ташхисҳои дигарамро анҷом додам ва танҳо рентген мондааст. Барои ин ба Маркази саломатии шаҳри Бохтар рафтам, аммо дар он ҷо гуфтанд, ки танҳо сокинони шаҳрро қабул мекунанд. Ба беморхонаи хусусии “Даво” рафтам, вале он ҷо чунон мардуми зиёд аст, ки шояд ҳафтаҳо навбатам нарасад. Дар маркази ташхисии хусусии “Акси шифо” гуфтанд, ки натиҷаи рентгени онҳоро марказҳои саломатӣ қабул намекунанд. Муҳлати супурдани ҳуҷҷатҳоямон наздик омадааст. Намедонем, ба куҷо муроҷиат кунем”, – иброз дошт ин ҳамсуҳбати мо.

Масъулини маркази ташхисии “Акси шифо” дар як суҳбати телефонӣ гуфтанд: “Мо имкон дорем, дар як рӯз то 150 нафарро аз ташхиси рентгенӣ гузаронем. Дар марказамон дастгоҳҳои замонавии хуб дорем. Мутаассифона, ташхисҳои моро марказҳои саломатӣ қабул намекунанд. Рентгени беш аз 100 нафарро дар як рӯз анҷом додем, вале донишҷӯён бо мушкили зиёд варақаи муоинаи тиббии худро тасдиқ карда тавонистанд. Аз ин хотир мо қабули донишҷӯёнро қатъ кардем”.

Вобаста ба ин масъала Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбати телефонӣ гуфт: “Аслан, худи мардум мушкилро эҷод мекунанд. Ҳама ба маркази вилоят – шаҳри Бохтар меоянд. Дар ҳоле, ки дастгоҳҳои рентгенӣ дар ноҳияҳои онҳо ҳаст. Масалан, дар шаҳри Левакант дастгоҳи рентгенӣ бекор истодааст, чаро касе он ҷо намеравад? Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастгоҳи нави рентгенӣ дорад. Ин ҷо танҳо ноҳияи Кӯшониён дастгоҳи рентгенӣ надорад. Дигарон метавонанд дар ноҳияҳои худашон гузаранд. Дастгоҳи флюорографии шаҳри Бохтар дар ин рӯзҳо ба ҳамаи талабгорон хизмат расонида наметавонад. Мо аз асли мушкил хабар дорем ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дархост барои дастрас кардани дастгоҳҳои рентгениро барои чанде аз ноҳияҳои вилоят фиристодаем”.

Ба ин тариқ, донишҷӯён аз норасоии дастгоҳҳои рентгенӣ сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузашта наметавонанд.  Дар робита Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гуфт: “Мо аз ин қазия бохабарем. Ба вазири маориф ва илми кишвар муроҷиат кардем. Ба мо иҷозат доданд, ки донишҷӯёнро бе ташхиси рентгенӣ қабул кунем. Баъдан дар давоми таҳсил онҳо метавонанд аз ин ташхис гузаранд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...