Идомаи муоинаи ҳатмии техникии автомашинаҳо дар ВМКБ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар ВМКБ аз аввали соли 2020 то 26-уми июли соли ҷорӣ 7 ҳазору 950 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, дар ин муддат 2 ҳазору 943 ронанда воситаҳои нақлиёти гуногунтамғаи худро дар қаламрави ВМКБ аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида, ба 301 ронанда иҷозатномаи махсус барои сиёҳшиша дода шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ саривақт бартараф кардани камбудию норасоиҳои техникии воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб қарор доштани автомашинаҳо буда, баҳри пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ равона гардидааст.

Аз ин рӯ, Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ба маълумоти ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки воситаҳои нақлиётии худро аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ саривақт гузаронанд. Ғайр аз ин бояд қайд намуд, ки барои гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ дар ноҳияҳои вилоят автомошинаи сайёр сафарбар карда шудааст.

Дар сурати аз ҷониби кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ошкор гардидани қоидавайронкунӣ дар самти нагузаронидани автомашинаҳо аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нисбати ронандагон мутобиқи талаботи қонунҳои амалкунандаи БДА ВКД ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ҷарима ситонида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар худи маркази ташхиси техникӣ хизматрасонихои БДА, боҷи давлатӣ, суғуртаи воситаҳои нақлиёт, ташхиси таҷҳизотҳои газӣ, муоинаи тиббии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки ҳамасола бо супориши роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва РВКД дар ВМКБ бо мақсади ба пуррагӣ ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва комилан ҷамъоварии андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят мутобиқи нақша-чорабиниҳои мақсаднок бо номи шартии «Назорат», аз санаи 1-ум то 10-уми августи соли 2020 амалиёти муоинаи техникӣ гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...