Хотира… Гулназар Келдӣ пириро ба гардан гирифтан намехост

Муаллифи суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол Гулназар Келдӣ рӯзи 13 август, каме беш аз як моҳ то ба синни 75-солагӣ расидан дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашта, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд. Ин мусоҳиба соли гузашта дар ҷашни 74-солагии шоир ба нашр расида, он замон ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” иброз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Муаллифи суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол Гулназар Келдӣ рӯзи 13 август, каме беш аз як моҳ то ба синни 75-солагӣ расидан дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашта, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Ин мусоҳиба соли гузашта дар ҷашни 74-солагии шоир ба нашр расида, он замон ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” иброз дошта буд, ки ҳарчанд солманд шуда бошад ҳам, худро ҷавон эҳсос мекунад.

«Агар имрӯз бигӯям, ки пир шудам, ҳақиқатан пир мешавам. Ман ҳоло ҷавонам ва пириро ба гардан намегирам. Зодрӯзамро бо дӯстону наздикон ҷашн мегирам. Хушнуд аз онам, ки дар ҷамъи дӯстон ва оилаи меҳрубонам умр ба сар мебарам», – гуфт соҳибҷашн.

Ба қавли мавсуф, ҳоло бо пайдо шудани илҳом эҷод мекунад ва саъй меварзад, ки дар пешрафти ҷомеа саҳми худро гузорад.

Вай афзуд, ки баъд аз чанд рӯз китобҳои бачагонааш бо номи “Гулҳо ҳусни заминанд” ва “Ман”  рӯйи чоп меоянд. Ҳамчунин ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон як китоби калони ӯ бо номи “Хуҷаста” барои мактабҳои кишвар нашр мешавад.

«Дар аввали соли равон як операи мо дар театри Опера ва балет бо номи “Хусрав ва Ширин” аз рӯйи асари Низомии Ганҷавӣ ба саҳна гузошта шуд», – гуфт муаллиф. 

Ин шоири шинохтаи тоҷик соҳиби панҷ фарзанд – се писар ва ду духтар мебошад.

Ҳоло умед бар он дорад, ки ҷавонони тоҷик барои ободии Ватани худ талош меварзанд.

«Умед танҳо ба ҷавонон аст. Ҳозир гумон мекунанд, ки аз дасти ҷавонон коре намеояд. Вале ҷавонони ҳозира, навбаташон ояд, аз мо беҳтар кор мекунанд», – изҳори итминон кард ӯ.

Гулназар Келдӣ 20-уми сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Таҳсил дар мактаби миёнаро бо нишони тилло анҷом дода, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва онро соли 1966 бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст. Сипас дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Пайванд», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаи «Ваҳдат» дар вазифаҳои мудири шуъба ва сардабир фаъолият кардааст. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ будааст.

То вафот ба ҳайси муовини раиси Кумитаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дошт.

Шеърҳои аввалини ӯ ҳангоми шогирди мактаби миёна буданаш ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз дар ҳудуди 40 маҷмӯаи ашъори ӯ ба табъ расидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом» ва ғайра аз он ҷумлаанд.

Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) шудааст.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.