Пешбарии номзадии мансабдори Панҷакент ба президентӣ барои дастгирии Эмомалӣ Раҳмон

tojiki

Сокини шаҳри Панҷакент Иброҳимҷон Юсуфбеков ба унвони раисони палатаи болоӣ ва поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода ариза фиристода, дархост намудааст, ки номзадии ӯро дар маъракаи интихоботи президентӣ ба қайд гиранд.

Бино ба иттилои хабаргузории Pressa.tj, дар аризаи худ Юсуфбеков навиштааст, ки ҳадафаш аз ширкат кардан дар интихобот истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ ва дастгирии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

Иброҳимҷон Юсуфбеков корманди бахши фарҳанги шаҳри Панҷакент ва узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст.

“Ман узви собиқадори ҲХДТ ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастам. Дар ҳама чорабиниҳои давлативу сиёсӣ ва фарҳангии шаҳри Панҷакент ва водии Зарафшон ширкат мекунам, – изҳор доштааст ӯ ба хабаргузорӣ. – Ман мехоҳам, ки ё Пешвои миллат ё фарзандашон Рустами Эмомалӣ ба сифати номзад дар интихобот пешбарӣ шаванд ва ман низ дар канорашон бошам. Баъд аз он ки корзори интихобот шурӯъ шуд, номзадии тарафдоронамро ба ин нафарон бубахшам”.

Ба гуфтаи Юсуфбеков, соли равон ӯ дар интихоботи парлумонӣ низ ширкат варзида, лекин ба палатаи поёнии парлумон роҳ наёфтааст.

Интихоботи президенти Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон таъин шуда, аз 7 ҳизби сиёсии дар ҷумҳурӣ амалкунанда то ин дам танҳо Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзодаро номзади худ пешбарӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...