Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон боло меравад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нисбат ба 6 моҳи соли 2019 нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади операторони хусусии алоқа дар ҷумҳурӣ 77 млн сомонӣ (ҳудуди 7,5 млн доллар) афзуд.

Бино ба маълуомти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи 7 моҳа онҳо 1 млрд 214 млн сомонӣ даромад ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,8% зиёдтар аст.

Дар ҳамин давраи соли 2019 даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон ба 1 млрд 137 млн сомонӣ баробар шуда буд.

Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқаи кишвар 94%-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, даромадҳои оператори миллии алоқа (“Тоҷиктелеком”), КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои Хадамоти алоқа  қариб ба андозаи 20% – аз 96,4 млн сомонӣ дар моҳҳои январ-июли соли гузашта то ба 77,3 млн сомонӣ дар ҳамин давраи соли равон кам шудааст.

То 1 июли соли равон шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон беш аз 3 млн нафар муштариён ва теъдоди корбарони алоқаи мобилӣ – зиёда аз 5,9 млн нафарро ташкил додааст, ки ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Қобили зикр аст, ки даромади операторони хусусӣ тайи солҳои охир мунтазам коҳиш меёфт. Соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ кам шуда, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил дода буд.

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон чор ширкат – ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline) мавқеи афзалиятнок доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...