Кумаки низомиёни рус ба оилаҳои серфарзанд аз ноҳияҳои дурдаст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба оилаҳои серфарзанд аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон кумак карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз пойгоҳи низомии мазкур хабар доданд, ҳарбиёни рус ба сокинони маҳаллаи аҳолинишини Эсамбой, ки аз шаҳри Душанбе 80 километр дуртар воқеъ аст, ёрӣ расониданд.

“Ба сокинони маҳаллӣ анҷому лавозимоти мавриди ниёзи аввал, пойафзол, маҳсулоти ғизоӣ, дигар маводу воситаҳои беҳдошти шахсӣ дода шуд. Ба аъзои аз ҳама хурдсоли оилаҳо бозичаву сумкаҳои мактабӣ ва қанду шириниҳо туҳфа карда шуд”, – қайд карданд дар пойгоҳ.

Дар ҷамъоварии кумаки башардӯстона ва роҳандозии ин иқдоми хайрия аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, ёвари фармондеҳи пойгоҳ оид ба масоили динӣ Роман Чебоненко саҳм гузоштаанд.

“Кумак ба оилаҳои серфарзанд, инчунин хонаводаҳое, ки дар вазъи душвори иҷтимоӣ қарор доранд, барои ҳайати фармондеҳии пойгоҳ анъанаи маъмулӣ аст. Соли равон аз ҷониби низомиёни руси муқими Тоҷикистон ба эҳтиёҷмандон дар маҷмӯъ зиёда 12 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар анҷому лавозимоти зарурии рӯзгор дода шуд”, – илова карданд дар пойгоҳ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...