Кумаки низомиёни рус ба оилаҳои серфарзанд аз ноҳияҳои дурдаст

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба оилаҳои серфарзанд аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон кумак карданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз пойгоҳи низомии мазкур хабар доданд, ҳарбиёни рус ба сокинони маҳаллаи аҳолинишини Эсамбой, ки аз шаҳри Душанбе 80 километр дуртар воқеъ аст, ёрӣ расониданд. “Ба сокинони маҳаллӣ анҷому лавозимоти мавриди ниёзи аввал, пойафзол, маҳсулоти ғизоӣ, […]

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба оилаҳои серфарзанд аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон кумак карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз пойгоҳи низомии мазкур хабар доданд, ҳарбиёни рус ба сокинони маҳаллаи аҳолинишини Эсамбой, ки аз шаҳри Душанбе 80 километр дуртар воқеъ аст, ёрӣ расониданд.

“Ба сокинони маҳаллӣ анҷому лавозимоти мавриди ниёзи аввал, пойафзол, маҳсулоти ғизоӣ, дигар маводу воситаҳои беҳдошти шахсӣ дода шуд. Ба аъзои аз ҳама хурдсоли оилаҳо бозичаву сумкаҳои мактабӣ ва қанду шириниҳо туҳфа карда шуд”, – қайд карданд дар пойгоҳ.

Дар ҷамъоварии кумаки башардӯстона ва роҳандозии ин иқдоми хайрия аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, ёвари фармондеҳи пойгоҳ оид ба масоили динӣ Роман Чебоненко саҳм гузоштаанд.

“Кумак ба оилаҳои серфарзанд, инчунин хонаводаҳое, ки дар вазъи душвори иҷтимоӣ қарор доранд, барои ҳайати фармондеҳии пойгоҳ анъанаи маъмулӣ аст. Соли равон аз ҷониби низомиёни руси муқими Тоҷикистон ба эҳтиёҷмандон дар маҷмӯъ зиёда 12 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар анҷому лавозимоти зарурии рӯзгор дода шуд”, – илова карданд дар пойгоҳ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.