Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунад

Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31 август дар Душанбе доир гардида, дар он номзади иттифоқ ба мансаби президентӣ пешбарӣ мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ хабар дод, имрӯзҳо ташкилотҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии Иттифоқ вакилони худро ба анҷуман интихоб карда истодаанд. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву […]

Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31 август дар Душанбе доир гардида, дар он номзади иттифоқ ба мансаби президентӣ пешбарӣ мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ хабар дод, имрӯзҳо ташкилотҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии Иттифоқ вакилони худро ба анҷуман интихоб карда истодаанд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсӣ мебошад, ки 12 октябри соли 1992 дар анҷумани XXVI  Иттифоқи Ленинии коммунистии ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ин анҷуман вориси ҳуқуқии ин Иттифоқ эълон шуд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори “Барои ваҳдат ва пешрафт дар Тоҷикистон” амал карда, мақомоти олии он анҷуман мебошад.

Тибқи ананаи роиҷ, ин ташкилотро раиси Кумитаи ҷавонон ва варзши назди ҳукумати Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар баробари аҳзоби сиёсии дар ҷумҳурӣ сабтшуда ба пешбарии номзади худ дар интихоботи президентӣ ҳуқуқ дорад.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.