Президент табибони мубориз бо коронавирусро бо мукофотҳо қадрдонӣ кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоиста бар нафъи давлату нафаронеро, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи короновирус ба касби худ садоқат нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо Фармони савари давлат ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ – Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Президенти мамлакат масъулияти баланди ҳамшираҳои шафқат ва табибон, хизматҳои шоёни онҳоро ёдовар шуда, аз номи роҳбарияти давлату ҳукумат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустии кишвар президент таъкид дошт, ки дар ин самт, иҷрои супоришҳои қаблан гузошта доир ба омода кардани шумораи зарурии табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ тавассути таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҳар як шаҳру ноҳия, дар дохил ва хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, эҳёгарӣ ва бозомӯзии онҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ва маводу ашёи дигар бояд ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...