Тоҷикистон асосан барои иҷрои хизматрасонии давлатӣ аз хориҷи кишвар қарз мегирад

Беш аз 95% дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасонии ҳукумати кишварро таъмин мекунад. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ҳаҷми ин қарз ба зиёда аз 2,9 млрд доллар ва ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар ба наздики 3,1 млрд доллар баробар аст. Қарзҳо бо кафолати давлатӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Беш аз 95% дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасонии ҳукумати кишварро таъмин мекунад. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳаҷми ин қарз ба зиёда аз 2,9 млрд доллар ва ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар ба наздики 3,1 млрд доллар баробар аст.

Қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 79,3 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.

Боқимонда 23,1 млн доллар дар ҳаҷми умумии қарзи беруна ба қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор (18 млн доллар), Чин (3 млн доллар) ва Бонки исломии рушд (2,1 млн доллар) рост меоянд.

Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ба “Эксимбонк”-и Чин беш аз 1,2 млрд доллар, Бонки ҷаҳонӣ – 338,5 млн доллар, Бонки осиёии рушд – 287 млн доллар, Бонки исломии рушд – 132 млн доллар ва дигар қарздиҳандагони дуҷониба ва бисёрҷониба қарздор аст.

Ҳамчунин ҳаҷми назарраси қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ (евробондҳо) ба маблағи 500 млн доллар ба вуҷуд омадаанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ҳукумати Тоҷикистон ба Чин пешниҳод кард, ки бо назардошти оқибатҳои пандемияи коронавируси нав шартҳои уҳдадориҳои қарзии кишварро сабуктар созад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.