Чӣ тавр аслӣ ва боварибахш будани сомонаро метавон зуд санҷид?

Гирифтани маълумот аз сарчашмаи боэътимод яке аз роҳҳои наафтодан ба доми қаллобон ва гурез аз хабарҳои “фейкӣ” аст. Бояд ҳар шахс барои худ сарчашмаи боэътимоди хабару маълумот дошта бошад. Аммо мешаванд ҳолатҳое, ки сарлавҳаи ҷаззобе диққати моро ҷалб мекунад ва мо ба хондани матн ё тамошои видео мепардозем. Пеш аз мутолиа сарчашмаи маълумоту хабарро ҳатман […]

Се нуқта

Гирифтани маълумот аз сарчашмаи боэътимод яке аз роҳҳои наафтодан ба доми қаллобон ва гурез аз хабарҳои “фейкӣ” аст. Бояд ҳар шахс барои худ сарчашмаи боэътимоди хабару маълумот дошта бошад.

Аммо мешаванд ҳолатҳое, ки сарлавҳаи ҷаззобе диққати моро ҷалб мекунад ва мо ба хондани матн ё тамошои видео мепардозем. Пеш аз мутолиа сарчашмаи маълумоту хабарро ҳатман санҷед.

Тафтиши суроға ё домени сомона

Хабарҳои “фейкӣ” аксар вақт тариқи сомонаҳое паҳн мешаванд, ки домен ё URL-и шубҳанок доранд. Ҳатто баъзан қаллобон тарроҳии сомонаи худро ба ВАО-и муваффақ монанд ё пурра якхела мекунанд, то дар “ниқоб” – и онҳо ҳамчун сарчашмаи боваринок хабарҳои бардурӯғи худро паҳн намоянд. Дар ин ҳол низ онҳоро метавон ба осонӣ аз рӯйи суроға ё пайванд (ссылка, URL) – и нодуруст шинохт. Аз хондани маълумоти сомонаҳое, ки суроғаи ғайриоддӣ ба монанди ".com.com" доранд, худдорӣ кунед. Ҳамчунин шумо метавонед барои гирифтани маълумоти бештар доир ба соҳиби домен ва сомона аз хадамоти Whois истифода баред.

Тафтиши тарроҳии сомона

Одатан сомонаҳои қаллобон, ки мақсади асосиашон паҳн кардани хабарҳои “фейкӣ” ва даромади муфт гирифтан аз тарғибот аст, тарроҳӣ ё дизайни ҷолиб доранд. Дар ин гуна сомонаҳо таблиғот зиёд буда, тарроҳӣ (дизайн)-и онҳо хеле диққатҷалбкунанда ё ғайриоддӣ ҳастанд. Яъне будани аксҳои диққатҷалбкунанда, тарғиботи бисёр ва даъватҳо барои хондани мавод ё гузаштан ба пайванди дигар бо сарлавҳаҳои ҷолиб низ аз бэътимодии сомона мегӯянд.

Тафтиши дигар хабарҳо

Агар шумо ба хабари сомона шубҳа доред, кӯшиш кунед дигар маводи сомонаро низ хонед ва муқоиса кунед. Агар шумораи маводҳои шубҳанок дар сомона бисёр аст, пас ин сомонаи қалбаққӣ барои ҷалби хонандагон ва ба мақсади ба даст овардани фоидаи молӣ сохта шудааст.

Тафтиши бахши “Дар бораи мо”

Бояд ҳар сомона бахши “Дар бораи мо” дошта бошад, маълумоти ин бахшро хуб омӯзед. Сомонаҳои боварибахш ё оҷонсиҳои иттилоотии соҳибном одатан дар ин бахш дар бораи худ ва фаъолияти худ маълумоти муфассал медиҳанд. Агар сомона чунин бахш надорад, ё маълумоташ нопурра аст, пас шояд ин сомона қалбакӣ бошад ва ба он набояд бовар кард.

Браузер сомонаҳои қалбакиро мешиносад

Браузерҳои нав (Chrome, Opera…) ва антивирусҳо аксар вақт хонандаро аз қалбакӣ будани сомона ё надоштани сертификатҳои махсус огоҳ мекунанд. Ҳамчунин онҳо қобилият доранд сомонаҳоро ба доштани вирус ё барномаҳои ҷосусӣ зуд тафтиш намоянд. Огоҳии онҳоро нодида нагиред ва ҳатман сомонаро хуб омӯзед.

PS: Албатта хуб аст, агар шумо маълумотро аз чанд сарчашмаи дигар хонед ва дар муқоиса хулоса бароред, ки кадоме аз онҳо ба ҳақиқат наздик аст. Барои ин кофӣ аст, ки сарлавҳаи хабари мавриди назарро дар сомони ҷустории Google кобед.

Агар хабару маълумоте дар назаратон шубҳанок менамояд ба мо фиристед, мо месанҷем ва ба шумо хабар медиҳем, ки то куҷо ҳақиқат дорад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.