Бо эстакада дар маҳаллаҳои 82 ва 91-ум кадом нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат мекунад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Пас аз ифтитоҳи эстакада дар Қарияи Боло тасмим гирифта шуд, ки микроавтобусҳо (маршрутка)-ҳо бо он ҳаракат намекунанд.

Тавре аз шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар доданд, бо эстакадаи нав дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тариқи маҳаллаҳои 82 ва 91-ум аз нақлиёти мусофирбар танҳо автобусу троллейбус ҳаракат мекунанд.

“Ҳозир бо ин роҳ автобусҳои №8, 18, 22, 25, 12 ва троллейбуси №10 равуо дошта, онҳо хизматрасонии саривақтиро ба мусофирон таъмин мекунанд”, – хабар дод диектори КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлат.

Автобуси №8 дарвозаҳои ғарбии Душанбе (маҳаллаи Зарафшон)-ро бо мавзеи фурудгоҳ пайваст мекунад. Самти ҳаракати он аз хиёбони И. Сомонӣ, Рӯдакӣ, Айнӣ ва кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Мастонгулов мегузарад.

Автобуси №18 маҳаллаи Пахтакор (ноҳияи Рӯдакӣ)-ро бо майдони “Сарҳадчиён (Водоннасос) пайваст мекунад. Самти ҳаракати он аз хиёбони Борбад, кӯчаи Фирдавсӣ ва хиёбонҳои  Неъмат Қаробоев, Саъдии Шерозӣ, Сино, И.Сомонӣ ва Рӯдакӣ мегузарад.

Автобуси №12 аз маҳаллаи 63-юм то Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) равуо мекунад: самти ҳаракати он аз хиёбонщои Неъмат Қаробоев, Саъдии Шерозӣ, Сино ва Исмоили Сомонӣ мегузарад.

Автобуси №22 дарвозаҳои ғарбии Душанберо бо кӯчаи Гагарин (Водонасос) пайваст карда, самти ҳаракаташ аз хиёбони Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ва хиёбони Рӯдакӣ мегузарад.

Автобуси №25 аз маҳаллаи Зарафшон то бозори “Меҳргон” (тариқи  хиёбонҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Сино, Саъдии Шерозӣ, кӯчаҳои Ҷалол Икромӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, хиёбони Дӯстии халқҳо ва кӯчаи Бадахшон (Пивзавод)) меравад.

Директори “Душанбенақлиётхадамотрасон” қайд кард, ки бо эстакадаи нав танҳо 1 троллейбуси №10 бо хатсайри дарвозаҳои ғарбӣ – дарвозаҳои шарқии Душанбе (самти Ваҳдат) ҳаракат карда, самти роҳи он аз хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва Нусратулло Махсум мегузарад.

Ҷумъахон Давлат ҳамчунин зикр кард, ки микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №8, 25, 17, 58 ва 26 тариқи кӯчаҳои Карамов ва Алишери Навоӣ то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ҳаракат карда, лекин “бо роҳи асосӣ равуо намекунанд”: ҳозир онҳо бо самти баъди баста шудани роҳ барои таъмир ҳаракат мекунанд.

Бо эстакада дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба микроавтобусҳои №25, 46, 28, 47 равуо иҷоза дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...