Ба мактаби олии Русия дохил шудӣ. Акнун чӣ хел ба он ҷо меравӣ?

Asia-Plus

Дар бораи ин масъала ва дигар паҳлӯҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷик сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба “Азия-Плюс” изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳукумати Русия масъалаи васеъ кардани категорияҳои шаҳрвандони хориҷиро, ки дар шароити маҳдудиятҳои ҷорӣ вобаста ба пандемияи коронавирус ҳуқуқи вуруд ба Русияро доранд, баррасӣ дорад ва дар назар аст, ки донишҷӯёни хориҷӣ низ ба ин категория дохил карда шаванд.

“Агар ба қарори ҳукумат аз 16 март доир ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия барои таҳсил илова ворид шавад, ташкили хатсайрҳои ҳавоии чартерӣ имкон дорад, – гуфт сафир. – Дар ҳамин ҳол ҷараёни вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳар ду кишвар ба инобат гирифта мешавад”.

Игор Лякин Фролов дар мавриди ин масъала ҳамчунин изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва маълумоти олии Русия ба мактабҳои олӣ дастур додааст, ки баргузории машғулиятҳоро тариқи онлайн низ роҳандозӣ намоянд.

“Донишҷӯёни хориҷие, ки 1 сентябр ба дарс ҳозир мешаванду маҷбуранд, ки аз карантини дуҳафтаина дар хобгоҳҳо гузаранд, низ бо таҳсили фосилавӣ (онлайн) фаро гирифта мешаванд”, – қайд кард ӯ.

Дар робита ба шумори донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки имсол ба мактабҳои олии Русия дохил шудаанд, сафир зикр кард, ки дар доираи квотаи ҳукумати Русия имсол 630 нафар ба мактабҳои олии Русия қабул шуда, инчунин муассисаҳо довталабонро тариқи онлайн бо ёрии шарикони тоҷикистонии худ низ ба таҳсил қабул мекунанд

“Маъракаи қабул ба мактабҳои олии Русия идома дошта, аз ин рӯ, натиҷагирӣ аз он ва пешниҳоди маълумоти саҳеҳ дар бораи шумори донишҷӯёни имсолаи тоҷикистонӣ дар Русия ҳоло барвақт аст”, – иброз дошт дипломат.

Зикр шуд, ки солҳои пешин наздики 4,5 ҳазор нафар донишҷӯёни тҷик ҳамасола ба мактабҳои олии Русия дохил мешуданд, лекин имсол бо сабабҳои маълум шумори донишҷӯёни аз Тоҷикистон қабулшуда шояд камтар шавад.

… Дар ҳамин ҳол, бино ба маълуомти мақомоти марбутаи Русия, аз 21 август то 1 сентябр аз Тоҷикистон ба Русия 25 парвозӣ чартерӣ анҷом дода мешавад. Иҷрои парвозҳо ба шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав, Краснодар, Қазон, Сургут ва Екатеринбург дар назар аст.

Гуфта мешавад, бо гузоштани қайд дар Портали хизматрасониҳои давлатӣ шаҳрвандон метавонанд ба ин хатсайрҳо билет дастрас кунанд. Маълумот дар ин хусус дар дастурамали муфассали сомонаи сафорати Русия қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...