Tcell ба тақдими дақиқаҳо барои гуфтугӯ ба корбарони «Чӣ Гап»-и нав идома медиҳад

Иттилоияи расмӣ

Оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell иқдомашро барои корбарони замимаи таҷдидшудаи "Чӣ Гап" тамдид менамояд. "Чӣ Гап" -и навро боргирӣ кунед ва барои зангҳо тавассути ин барнома ба телефонҳои мобилӣ бо рақамҳои Tcell 50 дақиқа  ба даст биёред! Муҳлати иқдом то 30 сентябр дароз карда шуд.  

Tcell ҳамеша аз дархосту ниёзи муштариён истиқбол менамояд. Ширкат аҳамияти муҳим доштани муоширатро бо оила ва наздикону пайвандон, хоса вақте онҳо дар хориҷи кишвар ҳастанд, дарк мекунад. Замимаи нави "Чӣ Гап" ба Шумо имкон медиҳад, ки бо сифати баланд ба телефонҳои мобилии Тоҷикистон пайваст шавед.

Ва барои корбарони нави замима Tcell ҳамчун тӯҳфа – 50 дақиқа барои зангҳо омода кардааст! Ба Шумо фақат лозим аст, ки замимаи нави “Чӣ Гап”-ро тавассути Play Market (https://is.gd/ChiGap) ва ё App Store (https://is.gd/ChiGapApp) боргирӣ ва насб намоед. Бастаи дақиқаҳои тӯҳфашуда барои зангҳо ба рақамҳои Tcell дар давоми 5 рӯз аз лаҳзаи бақайдгирӣ дар замимаи нав эътибор доранд.

Нусхаи қаблӣ (пешина)-и замима дар наздиктарин фурсат ғайрифаъол карда мешавад ва дигар кор намекунад. Барои зеркашӣ ва боргирӣ насби "Чӣ Гап" -и нав аз Tcell шитоб кунед!

Маълумоти бештар дар сомонаи: https://www.tcell.tj/internet/mobile-apps/chi-gap.php

 «Чӣ Гап» аз ҷониби ширкати Tcell моҳи апрели соли 2015 роҳандозӣ гардида, аввалин замимаи мобилии миллии Тоҷикистон барои гӯшиҳои ҳушманд (смартфон)-ҳо маҳсуб меёбад, ки тавассути он Шумо ҳамеша имкон доред, онлайн бошед ва бо телефонҳои хонагиву  мобилии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас занг занед. Дар ин муддат, барномаи “Чӣ Гап” миёни онҳое, ки мехоҳанд ҳамеша бо наздикону пайвандонашон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар иртибот бошанд, маҳбубияти хосаро касб кард.   

___________________

 Tcell  – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...