Эҳтимоли иҷозаи вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия

Asia-Plus

Ба донишҷӯёни хориҷӣ барои гирифтани маълумот ва идомаи таҳсил дар мактабҳои олии Русия иҷозаи вуруд ба қаламрави ин кишварро дода метавонанд.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, айни замон ба фармоиши ҳукумати Русия аз 16 марти соли равон дар қисмати вуруди шахсон барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои маълумоти олии Русия (аз 1 сентябри соли 2020) ва шахсоне, ки ба Русия барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ меоянд (аз 15 октябр) ба давраи на камтар аз се моҳ тағйирот ворид мешавад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки ба шахсоне, ки дар мактабҳои олии Вазорати мудофиаи Русия таҳсил мекунанд ва шахсоне, ки “ба соли хониши 2020-2021 бо раводидҳои амалкунандаи ташсилот аз кишварҳои реҷаи бе раводид ё тибқи рӯйхатҳое, ки ба Хадамоти федарлии амнияти Русия аз Вазорати мудофиаи ин кишвар фиристода мешаванд, аз давлатҳое, ки бо онҳо реҷаи бе раводид ҷорӣ шудааст”, иҷозаи вуруд дода шавад.

Дар санад қайд мешавад, ки шахсоне ки азми сафари Русия доранд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сироятёбӣ аз коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз се рӯз то омадан ба кишвар гирифта шуда бошад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Роспотребнадзор тавсияҳое нашр кард, ки мутобиқи он, хориҷиён ба дарсҳо дар мактабҳои олӣ пас аз 14 рӯзи ҷудонигаҳдорӣ (изолятсия) аз рӯзи омадан бо баргузории муоина ба сироят аз коронавирус дар рӯзҳои 10-12-ум роҳ дода мешаванд.

Қалблан дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар робита ба шумори донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки имсол ба мактабҳои олии Русия дохил шудаанд изҳор дошт, ки дар доираи квотаи ҳукумати Русия имсол 630 нафар ба мактабҳои олии Русия қабул шуда, инчунин муассисаҳо довталабонро тариқи онлайн бо ёрии шарикони тоҷикистонии худ низ ба таҳсил қабул мекунанд

“Солҳои пеш ҳудуди 4,5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик ҳамасола ба мактабҳои олии Русия дохил мешуданд. Маъракаи қабул ба мактабҳои олии Русия идома дошта, аз ин рӯ, натиҷагирӣ аз он ва пешниҳоди маълумоти саҳеҳ дар бораи шумори донишҷӯёни имсолаи тоҷикистонӣ дар Русия бо сабаби вазъи вобаста ба коронавирус ҳоло барвақт аст”, – иброз дошт дипломат.

Киҳо айни замон аз Тоҷикистон ба Русия парвоз карда метавонанд?

– шаҳрвандони Русия;

– шахсоне, ки Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия доранд;

– иштирокчиёни Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон;

– ҳамсарон, волидон ва фарзандони шаҳрвандони Русия.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябр аз Тоҷикистон ба Русия иловагӣ 14 хатсайри чартерии баргардонидани русиягиҳо ба ватан анҷом дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...