Вазирони мудофиаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Маскав вохӯрданд

Asia-Plus

Вазири мудофиаи Ҳиндустон Раҷнат Сингх ва вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистонро дар соҳаи мудофиаи баррасӣ карданд. Сингх дар Твиттер аксҳо аз вохӯриро нашр карда, вохӯриро “хеле пурмаҳсул” арзёбӣ намудааст, хабар медиҳад сафорати Ҳиндустон дар Душанбе.

“Дар Маскав бо вазири мудофиаи Тоҷикистон вохӯрии хеле пурмаҳсул доир гардид. Гуфтушуниди мо маҷмӯи васеи муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистонро дар соҳаи мудофиа фаро гирифт”, – навиштааст Раҷанат Сингх рӯзи 5 сентябри соли 2020 дар саҳифаи худ дар Твиттер.

Ҳиндустону Тоҷикистон аз оғоз муносибати дӯстона дошта, ба ҷуз ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангии қавӣ, инчунин муносибатҳои стратегӣ ва ҳарбӣ доранд.

Аввалин пойгоҳи низомии хориҷии Ҳиндустон дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор сохта шуд.

Барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Ҳиндустон дар Академияи миллии мудофиа, Деҳрадун ва дигар пойгоҳҳои таълимӣ 35 курсантҳои ҳарбӣ ва 67 афсарони ҷавон тайёр кардааст. Ҳиндустон дар Тоҷикистон инчунин госпитали ҳарбӣ боз намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...