Қариб 30 парвоз дар як ҳафта: Тоҷикистон шумори парвозҳои чартериро аз Русия зиёд мекунад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷониби Русия масъалаи роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро то охири моҳ аз шаҳрҳои гуногуни ин кишвар мувофиқа кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ВКХ Тоҷикистон.

“Шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон зиёд мешавад, аз Маскав ҳар рӯз ҳади ақал 3 парвоз ва аз дигар минтақаҳо 1 ё 2 парвоз анҷом дода мешавад. Барои дастрас кардани билет ба ин хатсайрҳо шаҳрвандон мисли пешин бояд дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон худро ба қайд гузоранд”, – қайд кард манбаъ.

Зикр шуд, ки зимни бозгашт ба ватан шаҳрвандон бояд маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус, ки давоми 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷро карда мешаванд.

Дар Департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки бо мақомоти Русия роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро аз Русия ба Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо дар бораи зиёд шудани шумори хатсайрҳо чизе нагуфтанд.

“Мо ҳоло маълумот ҷамъоварӣ карда истодаем ва имрӯз дар сомонаамон дар бораи хатсайрҳо хабар нашр мекунем”, – изҳор доштанд дар ВКХ.

Ёдрас мекунем, ки то 15 сентябр аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 50 парвози чартерӣ анҷом дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...