Қариб 30 парвоз дар як ҳафта: Тоҷикистон шумори парвозҳои чартериро аз Русия зиёд мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷониби Русия масъалаи роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро то охири моҳ аз шаҳрҳои гуногуни ин кишвар мувофиқа кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ВКХ Тоҷикистон. “Шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон зиёд мешавад, аз Маскав ҳар рӯз ҳади ақал 3 парвоз ва аз дигар минтақаҳо 1 ё 2 парвоз […]

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷониби Русия масъалаи роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро то охири моҳ аз шаҳрҳои гуногуни ин кишвар мувофиқа кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ВКХ Тоҷикистон.

“Шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон зиёд мешавад, аз Маскав ҳар рӯз ҳади ақал 3 парвоз ва аз дигар минтақаҳо 1 ё 2 парвоз анҷом дода мешавад. Барои дастрас кардани билет ба ин хатсайрҳо шаҳрвандон мисли пешин бояд дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон худро ба қайд гузоранд”, – қайд кард манбаъ.

Зикр шуд, ки зимни бозгашт ба ватан шаҳрвандон бояд маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус, ки давоми 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷро карда мешаванд.

Дар Департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки бо мақомоти Русия роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро аз Русия ба Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо дар бораи зиёд шудани шумори хатсайрҳо чизе нагуфтанд.

“Мо ҳоло маълумот ҷамъоварӣ карда истодаем ва имрӯз дар сомонаамон дар бораи хатсайрҳо хабар нашр мекунем”, – изҳор доштанд дар ВКХ.

Ёдрас мекунем, ки то 15 сентябр аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 50 парвози чартерӣ анҷом дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.