Тоҷикистон дар шароити пандемия ҳаҷми савдои хориҷиро афзуд

Давоми 8 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 3 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Касри муомилоти савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) 960 млн долларро ташкил дод. Афзоиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби […]

Давоми 8 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 3 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Касри муомилоти савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) 960 млн долларро ташкил дод.

Афзоиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби содироти маҳсулот таъмин шудааст. Ҳаҷми содирот давоми моҳҳои январ-августи соли равон ба зиёда аз 1 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50% бештар мебошад.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон имсол дар навбати аввал ба Швейтсария (56,9% аз ҳаҷми умумии содирот), Туркия (12,6%) ва Қазоқистон (9,7%) интиқол дода шуд.

Ба хориҷи кишвар асосан сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (афзоиш қариб 5 баробар), маҳсулоти гуногуни саноатӣ, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ ва маҳсулоти растанӣ содирот шуданд.

Ҳаҷми воридот тӯли 8 моҳ зиёда аз 2 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,7% камтар мебошад.

Молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра асосан аз Русия, Қазоқистон ва Чин ворид карда шудааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (савдои дуҷониба – $648 млн), Швейтсария ($598 млн), Қазоқистон ($575 млн), , Чин ($306 млн), Ӯзбекистон ($217 млн) ва Туркия ($208 млн) дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.