Тоҷикистон дар шароити пандемия ҳаҷми савдои хориҷиро афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми 8 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 3 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Касри муомилоти савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) 960 млн долларро ташкил дод.

Афзоиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби содироти маҳсулот таъмин шудааст. Ҳаҷми содирот давоми моҳҳои январ-августи соли равон ба зиёда аз 1 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50% бештар мебошад.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон имсол дар навбати аввал ба Швейтсария (56,9% аз ҳаҷми умумии содирот), Туркия (12,6%) ва Қазоқистон (9,7%) интиқол дода шуд.

Ба хориҷи кишвар асосан сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (афзоиш қариб 5 баробар), маҳсулоти гуногуни саноатӣ, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ ва маҳсулоти растанӣ содирот шуданд.

Ҳаҷми воридот тӯли 8 моҳ зиёда аз 2 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,7% камтар мебошад.

Молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра асосан аз Русия, Қазоқистон ва Чин ворид карда шудааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (савдои дуҷониба – $648 млн), Швейтсария ($598 млн), Қазоқистон ($575 млн), , Чин ($306 млн), Ӯзбекистон ($217 млн) ва Туркия ($208 млн) дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...