Суғд: Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншоот ифтитоҳ карду ба кишти тирамоҳӣ оғоз бахшид

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ширкати “Нассоҷии Хуҷанд” дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ширкат дар маҷмӯъ 7 коргоҳ, аз қабили ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоздиҳии риштаву матоъҳо ва истеҳсоли сару либоси гуногун мавҷуд аст, ки дар онҳо зиёда аз 500 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Пешвои миллат дар саҳни коргоҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуда. ки дар он ҳунармандони чирадасти шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсули дастранҷи худро муаррифӣ намуданд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМдар вилояти Суғд иштирок кард.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 ҳуҷраи барҳаво мебошад. Дар ошёнаи аввали Маркази саломатӣ  ва дар таҳхонаи бино озмоишгоҳ барои таҳлилҳои биокимиёвӣ ҷойгир аст.

Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили ҷевон, рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар шароити зист муҳайё аст. Ҳамчунин бино ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Дар идома дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд президент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза”-ро мавриди истифода қарор дод.

Иншоот бо саҳми соҳибкори ватанӣ Муқимҷон Ҳусейнов бунёд карда шуда, бино аз 9 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои ширкатҳои ватанию хориҷӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми иншооти навбунёд Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2020-2030 муаррифӣ карда шуд. Дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат бо натиҷаи кори олимон ва соҳибкорони ҷавони соҳаи технологияи иттилоот шинос шуд.

Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд дар ҳузури Сарвари давлат бинои иловагии МД Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифов ифтитоҳ шуд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда,  дорои 200 кати хоб мебошад.

Бино бо маблағи 6 млн сомонӣ бо тамоми таҷҳизоти  ҳозиразамони тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра    муҷаҳҳаз мебошад. Дар он шуъбаҳои сактаи миокард, фишорбаландии шараёнӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил амал мекунанд.

Дар баробари ин дар маркази мазкур шуъбаҳои бемориҳои музмини ишемиявии дил ва номураттабии кори дил, шуъбаи қабул бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи машваратӣ, шуъбаи ташхис, таҳлилгоҳи биохимиявӣ ва ҳуҷраҳои табобатии физиотерапевтӣ, сӯзангузорӣ ва маҳс мавҷуд мебошад.

Дар Марказ 40 номгӯи ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад. Айни замон дар ин Марказ  беш аз 300 нафар корманди дарҷаи олӣ ва миёна кору фаъолият доранд. Илова ба бунёди бинои нав дар ин Марказ  3 бинои дигар мавҷуд аст, ки онҳо низ пурра таҷдиду навсозӣ гардиданд.

Пас аз ин президенти мамлакат ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар деҳоти Ёва  аз “Хона-музей”-и  Нозимҷон Усмонов боздид кард.

”Хона-музей” соли 2014 бо иқдоми  шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Нигораҳои таърихӣ, асбобу анҷоми қадимаи рузгордорӣ  аз  асрҳои 17-18 боқӣ мондаанд.

Дар “Хона-музей” кӯзаҳои сафолӣ, миссӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз кабили кандакорӣ, хумдонҳои сафолӣ, оҳангарӣ ва ғайра нигаҳдорӣ карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон бонамоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар дамромадгоҳи “Хона музей” шинос шуд. Дар намоишгоҳ маҳорати кадбонугии занон аз қабили нонпазӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов раҳсипор гардида, дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” аз боғи анор ва нашъунамои зироати кишоварзӣ боздид ва бо рафти кишти такрорӣ шинос шуда, ҳамчунин дар намоиши дастовардҳои сокинон, хоса кишоварзон иштирок кард.

Ӯ боз аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид ба амал оварда, дар хоҷагии деҳқонии “Мирҷалол” ба занону духтарони пахтачин туҳфа тақдим кард.

Дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо ҳузури президент ба  корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии ҶСК “Суғд кварс” оғоз бахшида шуд. Корхона бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд шуда, дар он технологияи пешрафтаи аврупоӣ васлу насб мегардад.

Барои истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи мазкур асосан реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламит истифода мегардад, ки пурра аз конҳои дохили мамлакат дастрас карда мешавад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои ҶСК “Парандапарвар ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшид. Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ дар кишти тирамоҳӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Россия кишт карда шуд.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...