Русия аз 21 сентябр бо Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон парвозҳои мустақимро аз сар мегирад. Ин тасмимро Ситоди марбут ба пешгирӣ аз коронавируси ин кишвар гирифтааст, гуфтааст хабаргузории расмии ТАСС.
Русия парвозҳои байналмилалияшро ба шаҳрҳои Бишкеки Қирғизистон, Нурсултони Қазоқистон ва Мински Белорус эҳё мекунад. Ҳамчунин Русия аз 27 сентябр ҳамлу нақли ҳавоияшро бо Куриёи Ҷанубӣ ҳам аз сар мегирад.
Ин парвозҳо аз ҳар ду тараф дар як ҳафта як бор сурат мегиранд. Ҳамчунин сар аз 21 сентябр дар Русия барои шаҳрвандони ин кишвар дигар парвозҳои содиротӣ ташкил намешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ширкати ҳавонавардии Узбекистон фурӯши озоди билетро барои парвозҳои чартерӣ аз Тошканд ба Маскав эълон кардаст.
Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз 16 то 30 сентябр 71 парвози иловагӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил кунад. Ҳамаи ин парвозҳо аз сӯйи ширкати «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд.
То кунун ҳеч иттилои расмие дар даст нест, ки баъди 30 сентябр оё парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Русия эҳё мешаванд ё не.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


