Агентии Оғохон ба КҲФ бо дору ва лавозимоти тиббӣ кумак кард

Asia-Plus

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус COVID-19 ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода рӯзи 19 сентябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон маросими таҳвили доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ барои муолиҷаи коронавирус, ки Бахши Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ кардааст, баргузор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, дар ин маросим Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сарвари Бахши Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд.

Гуфта мешавад, дар қатори кумакҳо доруҳо ва лавозимоте чун корҷомаҳои махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои ҳифозатӣ, ниқобҳо, сӯзандоруҳо, дастпӯшҳо, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептикҳо, воситаҳои уфунатзудоӣ, ки барои мубориза бо КОВИД-19 самароварданд, дохил мешуданд.

“Ҳамаи доруҳо ва лавозимоти тиббии таҳвилшуда барои табобати ҳайати шахсии Кумита дар сурати мубтало ба ин беморӣ шуданашон истифода мешавад, – омадааст дар хабар. – Илова бар ин Агентӣ як мошини тамғаи “Ниссан”-ро, ки мутааллиқ ба КҲФ буд, пурра таъмир кард  ва ба ихтиёри Кумита гузошт”. 

Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар маросими таҳвили васоили тиббӣ ба сарвари Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ  изҳори сипос кард ва гуфт, ки ёрие, ки имрӯз расид, ба пешгирӣ аз густариши коронавирус COVID-19 дар Тоҷикистон равона шудааст ва бидуни шак ин як кумаки арзишмандест, ки ба фаъолиятҳои мо таъсир хоҳад дошт.

Дар навбати худ ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ зикр намуд, ки Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар оянда низ аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз густариши коронавирус   COVID-19 пуштибонӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...