ИМА Тоҷикистонро пурхавф, вале барои сармоягузорон умедбахш медонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Департаменти давлатии ИМА дар арзёбии навбатии муҳити сармоягузории Тоҷикистон алҳол ба доираҳои тиҷоратӣ тавсия намедиҳад, ки ба иқтисоди ҷумҳурӣ сармоягузорӣ кунанд.

Муаллифони гузориши «2020 Investment Climate Statements: Tajikistan» Тоҷикистонро “ҷойи душвор барои пешбурди тиҷорат бо хавфҳои зиёд барои сармоягузори хориҷӣ” мешуморанд.

Гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон ба ҷалби сармояи амрикоӣ таваҷҷуҳ дошта, лекин “монеъаҳои бюрокративу молиявӣ, коррупсияи васеъ паҳншуда, бахши бонкии аксаран бекор, низоми ношаффофи андоз ва санҷишҳои сершумори тиҷорат ба сармоягузорон монеъаи ҷиддӣ эҷод мекунанд”.

Ба ақидаи таҳлилгарони Департаменти давлатӣ, қисмати зиёди маблағҳои буҷет дар шароити мавҷуд набудани сармоягузориҳои хусусӣ аз ҷониби ҳукумат ба бунёди неругоҳи Роғун равона мегарданд, ки ин дар навбати худ Кумитаи андозро ба худсарона тағйир додани қоидаҳои андоз барои таъмини иҷрои нақшаи доимо афзояндаи даромад маҷбур месозад.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки 75% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими ҷалбшуда дар соли 2019 “қарзҳои ношаффоф” мебошанд, ки ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин алоқамандӣ доранд.

Дар санад ҳамчунин дар бораи имкони ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таҳти сарварии Русия пайвастани Тоҷикистон сухан меравад, ки ба ақидаи коршиносони амрикоӣ, метавонад шароити кори ширкатҳои амрикоиро дар ҷумҳурӣ душвор созад.

Муаллифони гузориш муҳаррики афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро истеъмол номидаанд, ки ба интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия вобаста аст. Онҳо пешгӯӣ кардаанд, ки коҳиши ҷиддии интиқоли пул дар соли равон бар асари пандемияи коронавирус, ба сустшавии афзоиши ММД Тоҷикистон боис мегардад.

“Камшавии интиқоли маблағ ҳамчунин ба камбуди асъори хориҷӣ боис гардида, ба захираҳои кишвар (захираҳои тиллову асъор) фишор меорад”, – омадааст дар гузориш.

Сарфи назар аз ин мушкилоту хавфҳо барои сармоягузорони имконпазир, иқтисодчиёни Департаменти давлатӣ қайд мекунанд, ки Тоҷикистон ҷиҳати густариши робитаҳои тиҷоратӣ бо ҳамсоягони худ кӯшиш ба харҷ дода, соли 2019 дар беҳбуди муҳити сармоягузории худ ба пешравӣ ноил гардидааст.

Гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши охири Doing Business 2020 Тоҷикистонро ислоҳотгари пешрафта номида, дар минбаъд баргузории ислоҳот дар соҳаи андоз аз лиҳози техникӣ кумак кард.

“Агар ҳукумат сиёсати ислоҳоти иқтисодиро идома диҳад, имконот дар бахшҳои энергетика, тиҷорати кишоварзӣ (агробизнес), саноати хӯрокворӣ, сайёҳӣ, саноати нассоҷӣ ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ умедбахш хоҳанд буд”, – илова шудааст дар фарҷоми гузориш.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, давоми солҳои 2007-2019 ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми наздики 9,9 млрд доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст.

Ҳиссаи сармоягузориҳои ИМА дар ҳаҷми умумӣ 7% (695 млн доллар), Чин – ҳудуди 30% (2,9 млрд доллар) ва Русия зиёда аз 16% (1,6 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...