Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайрҳои нави мошингард боз мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 18 сентябри соли равон ҳайати намонядагони Вазорати нақлиёти  Ӯзбекистонро бо роҳбарии муовини аввали вазир Илҳом Маҳкамов ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёту роҳ мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда  мубодилаи афкор намуданд.

“Дар мулоқот   масоили интиқоли бемайлони бору мусофир миёни ду давлати дӯсту бародар баррасӣ гардиданд, – қайд мешавад дар хабар. – Бахусус, масоили афзун намудани интиқоли бор миёни давлатҳо, ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва кушодани ҳатсайрҳои нав дар роҳҳои автомобилгард низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт”.

Азим Иброҳим гуфтааст, маълум аст, ки вазъи моҳҳои охир, даврони дар пондемия қарор доштани кулли ҷаҳон бори дигар моро муътақид сохт, ки  нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар мавқеи хосса дорад.

“Аз ин хотир бояд дар густариши ҳамкориҳо дар ин самт низ боз ҳам бештар талош намоем”, – таъкид доштааст вазир.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо баҳри пешравии ҳамкориҳо фикру дархостҳои судманд пешниҳод намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...