Веломарафони Tcell ва Федератсияии велосипедронии ҶТ дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд

Иттилоияи расмӣ

Аз 21 то 23 сентябр Федератсияи велосипедронҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оператори навовару пешбари кишвар Tcell бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш марафони велосипедронии “Истиқлол”-ро баргузор мекунанд. Велосипедронҳо аз шаҳри Хуҷанд ба марафон оғоз намуда, тавассути шоҳроҳ ба Душанбе ҳаракат мекунанд ва он дар пойтахт ба анҷом мерасад.

Ширкати мухобиротии Tcell сарпарасти асосии Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои ширкати Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ дар стратегияи масъулияти иҷтимоӣ ҷойгоҳи вижаеро ишғол менамояд. Ширкати Тсеll бо тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, дастгирии мусобиқаҳои варзишӣ саҳми худро дар тақвияти саломатӣ ва устувории миллат мегузорад.

Марафони велосипедронии "Истиқлол" дар масири Хуҷанд-Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин, ки ҳамасола 22 сентябр мегардад, бахшида мешавад. Дар ин рӯз ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки аз истифодаи мошинҳое, ки бо сӯзишворӣ ҳаракат менамоянд, худдорӣ кунанд.    Мошинҳо яке аз манбаъҳои асосии ифлосшавии ҳаво мебошанд, бинобар ин, бо кам кардани истифодаи нақлиёт мо метавонем аз тағирёбии иқлим пешгирӣ кунем.

Ҷанбаҳои афзалиятноки масъулияти иҷтимоии Tcell – тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва муҳити солим мебошанд. Tcell ба муҳити зист ғамхорӣ зоҳир намуда, ба муштариён тарофаҳо ва бастаҳои интернетии «Эко» -ро пешниҳод менамояд. "Эко"- лоиҳаи иҷтимоӣ мебошад, ки иштирок дар ин барнома барои муштариёни Tcell ихтиёрӣ ва ройгон аст, яъне муштариён ягон маблағи иловагӣ пардохт намекунанд ва саҳмгузорӣ ба фонд аз ҳисоби пардохти муштарии онҳо барои тарофа ё бастаи интернет гузаронида мешавад. Tcell маблағи ҷамъоваришударо аз ин барнома барои лоиҳаҳои экологӣ дар пойтахт ва минтақаҳои Тоҷикистон тақсим мекунад.

Муфассал дар бораи бастаҳои «Эко»: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/packages-eco.php
«Аъло Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-alo.php
«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...