Фаъолони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба пешгирии низоъҳо даъват мекунанд

Date:

21 сентябр – Рӯзи байнулмилалии сулҳ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба баргузории як силсила чорабиниҳо оғоз намуданд, ки то аввали моҳи октябр идома меёбанд.

Чорабиниро аз номи Шарикии глобалӣ оид ба пешгирии низоъҳои мусаллаҳона (Global Partnership for the Prevention of Armed Conflict / GPPAC) бар асоси ихтиёрӣ ходимони ҷамъиятӣ аз Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барпо мекунанд, ки намояндагони GPPAC дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

Дар мактабу боғ, варзишгоҳу дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иқдомҳое шурӯъ гардиданд, ки ба ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ҷиҳати муҳимияти нигаҳдориии сулҳ дар Осиёи Марказӣ равона шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори ташкилоти ҷамъиятии “Журналистика ва демократия” (Тоҷикистон) Фаррух Аҳроров.  

Ба гуфтаи ӯ, дар Ботканд,  Бишкек, Бухоро, Ҷалолобод, Ҷиззах, Конибодом, Қаршӣ, Лайлак, Намангон, Нуқус, Ош, Панҷакент, Тошканд, Урганҷ, Хуҷанд, Исфара ва дигар шару навоҳӣ ҷавонон иқдомҳо дар кӯча, мусобиқаҳои варзишӣ, муколамаҳо оид ба сулҳ, озмуни расми беҳтарин дар асфалт ва дигар чорабиниҳо ташкил мекунанд.

Дар баргузории ин чорабиниҳо ходимони ҷамъиятӣ, маъмуриятҳои мақомот ва сокинони маҳаллӣ кумак мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо наздикшавии маънавӣ ва фарҳангии ҷомеаи се кишвар барои коҳиши сатҳи шиддат дар минтақа аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...