Ду садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз

Давоми шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон аз ҷониби навбатдорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду ҳодисаи садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ҳодисаи аввал шабона дар километри 80-уми роҳи мошингарди мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ рух дода, автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора […]

Давоми шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон аз ҷониби навбатдорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду ҳодисаи садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ҳодисаи аввал шабона дар километри 80-уми роҳи мошингарди мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ рух дода, автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора мешуд, дучори садама шудааст.

“Ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст, – қад мешавад дар маълумоти Кумита. – Дар  садама Қурбон Шарипови 17-сола, сокини деҳаи Ғиҷоваст дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Гуфта мешавад, дар ҳодисаи садамаи нақлиёти дигар дар километри 81-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи Мersedes Benz Аюбхӯҷа Ҳошимови 25-сола,  сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, он ба канори роҳ бармехӯрад ва ба ҷарии 150 метр сарозер мешавад.

Дар натиҷа ронанда  ва мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешаванд. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади ронанда ва мусофири онро аз дохили автомашина бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон боисрор дархост мекунад, ки реҷаи суръат ва  қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.