Фаъолони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба пешгирии низоъҳо даъват мекунанд

21 сентябр – Рӯзи байнулмилалии сулҳ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба баргузории як силсила чорабиниҳо оғоз намуданд, ки то аввали моҳи октябр идома меёбанд. Чорабиниро аз номи Шарикии глобалӣ оид ба пешгирии низоъҳои мусаллаҳона (Global Partnership for the Prevention of Armed Conflict / GPPAC) бар асоси ихтиёрӣ ходимони ҷамъиятӣ аз Қирғизистону […]

21 сентябр – Рӯзи байнулмилалии сулҳ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба баргузории як силсила чорабиниҳо оғоз намуданд, ки то аввали моҳи октябр идома меёбанд.

Чорабиниро аз номи Шарикии глобалӣ оид ба пешгирии низоъҳои мусаллаҳона (Global Partnership for the Prevention of Armed Conflict / GPPAC) бар асоси ихтиёрӣ ходимони ҷамъиятӣ аз Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барпо мекунанд, ки намояндагони GPPAC дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

Дар мактабу боғ, варзишгоҳу дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иқдомҳое шурӯъ гардиданд, ки ба ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ҷиҳати муҳимияти нигаҳдориии сулҳ дар Осиёи Марказӣ равона шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори ташкилоти ҷамъиятии “Журналистика ва демократия” (Тоҷикистон) Фаррух Аҳроров.  

Ба гуфтаи ӯ, дар Ботканд,  Бишкек, Бухоро, Ҷалолобод, Ҷиззах, Конибодом, Қаршӣ, Лайлак, Намангон, Нуқус, Ош, Панҷакент, Тошканд, Урганҷ, Хуҷанд, Исфара ва дигар шару навоҳӣ ҷавонон иқдомҳо дар кӯча, мусобиқаҳои варзишӣ, муколамаҳо оид ба сулҳ, озмуни расми беҳтарин дар асфалт ва дигар чорабиниҳо ташкил мекунанд.

Дар баргузории ин чорабиниҳо ходимони ҷамъиятӣ, маъмуриятҳои мақомот ва сокинони маҳаллӣ кумак мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо наздикшавии маънавӣ ва фарҳангии ҷомеаи се кишвар барои коҳиши сатҳи шиддат дар минтақа аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.