Бохти футболбозони навраси тоҷик дар бозии дуюми рафиқона бо Ӯзбекистон

Date:

Бозии дуюми рафиқона байни мунтахабҳои футболи наврасони Тоҷикистону Ӯзбекистон (U-16), ки рӯзи 24 сентябр дар Хуҷанд доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон – тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, тӯби ягонаро аз дастаи Тоҷикистон Хуршед Давлатзода ба самар расонид.

Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии аввали дӯстона се рӯз пеш футболбозони навраси тоҷик ҳамсолони ӯзбеки худро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буданд.

Қаблан дар шаҳри Хуҷанд байни мунтахабҳои футболи ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистон (U-19) бозиҳои рафиқона (0:1, 4:1) доир гардида буданд. Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр аз мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...