“Хуҷанд” пеш аз муҳлат ба дарёфи медалҳои нуқраи чемпионат даст ёфт

Date:

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар бозии марказии давр рӯзи 27 сентябр дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бо ҳисоби 3:2 тими “Хатлон”-и Бохтарро шикаст дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ба ин тариқ, ду давр пеш аз анҷоми мусобиқа дастаи “Хуҷанд” ба дарёфти медалҳои нуқра ноил гардида, ҳамчунин ба иштирок дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2021 ҳуқуқ пайдо кард.

Гуфта мешавад, тими “Душанбе-83” дастаи “Локомтив-Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда, ҷойи худро дар Лигаи олӣ нигоҳ дошт.

Дар вохӯрии дигари ин давр КМВА (ССКА) “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, ки аввалин бохти “Истиқлол” дар ин мавсим аст.

Рӯзи шанбе, 26 сентябр вохӯрӣ байни дастаҳои “Кӯктош” ва “Истаравшан” мусовӣ – 2:2 анҷом ёфта, “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 дастаи “Файзқанд”-и Восеъро мағлуб намуд.

Қобили зикр аст, ки то анҷоми мусобиқаи 29-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ду давр боқӣ монд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...