Мансурҷон Умаров: Шифо ёфтам, аммо ҳанӯз бемадориро ҳис мекунам

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, ки бештар аз як моҳ аз бемории Covid-19 ранҷ мебурд, бар ин беморӣ пирӯз шуда, аз беморхона рухсат шудааст.

Умаров дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъи саломатияш хуб шуда бошад ҳам, беҳолӣ ва бемадорӣ ӯро каме азият медиҳад.

“Баъди тақрибан як моҳ аз беморхона рухсат шудам ва ҳоло дар хона қарор дорам. Худро беҳтару хубтар ҳис мекунам, аммо беҳолӣ ва бемадорӣ то ҳол дар вуҷудам эҳсос мешавад. Рӯзҳои наздик ба кор шуруъ мекунам ва умед аст ҳама мушкилот паси сар мешавад”, – гуфт сардори СИҶҶ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз куҷо сироят ёфтан ба бемории коронавирус ҳанӯз барояш маълум нест, вале мегӯяд, бемориро дар бемористони бемориҳои сироятии кӯдакона хеле вазнин паси сар нумудааст.

“Аз куҷо сироят ёфтан аз бемориро аниқ намедонам. Бемориро вазинин гузарондам. Бо кӯмаки табибон аз панҷаи беморӣ раҳо ёфтам. Аз ҳамаи табибон сипосгузорам, ки ба маризон шифо мебахшанд”, – афзуд Умаров.

Бояд қайд кард, ки то субҳи 28-уми сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 646 нафар расид.

Бино ба иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19, рӯзҳои истироҳат 84 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо боз як ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 75 касро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...