Сафорати Тоҷикистон ҳодисаи лату кӯби кормандашро шарҳ дод

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифааш дар Facebook доир ба ҳодисаи рӯзи 24 сентябр дар қаламрави намояндагиии дипломатӣ рухдода маълумот ба нашр расонид.

“24 сентябр зимни қабули аризаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва ворид намудан ба рӯйхати парвозҳои чартерӣ, ба корманди сафорат бо расонидани зарари ҷисмонӣ ҳамла содир карда шуд”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, шахсони ҳамлагар фавран дастгир шуда, айни замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷиҳати муайян намудани ҷузъиёти ҳодисаи баамаломада, аз ҷумла мақсади ҳамла чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида мешавад.

“Маълумоти дар ВАО паҳншуда, роҷеъ ба он, ки ҳамла ба корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав гӯё бо сабаби муносибати дағалона бо шаҳрвандон ба вуқӯъ омада бошад, комилан нодуруст аст”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Дар ин робита, сафорат аз намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ даъват ба амал овардааст, ки ҳангоми инъикоси ин ё он, рӯйдоди марбут ба раванди таҳвили шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, бо ҳисси масъулиятнокии бештар рафтор намоянд.

Ҳамзамон, сафорат иттилоъ додааст, ки аз замони қатъи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия то имрӯз, зиёда аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки як манбаъи наздик ба доираҳои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба “Asia-Plus”  изҳор дошта буд, ки ин ду кормандро барои муносибати дағалона лату кӯб кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...