КМИР хабарнигорони “Азия-Плюс”-ро дар интихоботи президентӣ номнавис накард

Редаксияи "Азия-Плюс"

Комиссия талаб мекунад, ки шаҳодтаномаи сабти номи  “Азия-Плюс” дар Вазорати фарҳангро пешниҳод кунем, вале вазорат сабти номи “АП”-ро тамдид намекунад, мунтазири маълумотнома аз КДАМ аст…

Чӣ гап шуд?

Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном кардани хабарнигорони «Азия-Плюс»-ро барои инъикоси интихоботи пешорӯйи президентӣ рад кард.

25 сентябр Идораи «Азия-Плюс» ба унвонии Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсӣ барои сабти ном кардани 9 хабарнигори худ мактуб ирсол кард, то ҳаққ пайдо кунанд интихоботи президентӣ дар кишварро пӯшиши хабарӣ бидиҳанд.

Мисли интихоботи порлумонӣ дар моҳи март барои сабти ном кардани хабарнигорони худ “АП” ба КМИР мактуби расмӣ, нусхаи шиноснома ва шаҳодатномаи кории хабарнигоронро ирсол намуд. Вале ин бор дар КМИР ҳуҷҷатҳоро напазируфтанд ва талаб карданд, ки шаҳодномаи қайди давлатии “Азия-Плюс” дар Вазорати фарҳангро низ пешниҳод кунем.

Маълумотномаи КДАМ зарур аст…

Дар Вазорати фарҳанг шаҳодатномаи сабти номи расонаҳоро ҳар се сол нав (тамдид) мекунанд. Бори охир “Азия-Плюс” ин ҳуҷҷати худро соли 2017 нав карда буд. Ин тобистон, ҳанӯз 13 август, мо расман ба Вазорат барои тамдиди сабти ном дархост дода будем. Ҳамаи санадҳои барои ин кор лозимро сари вақт пешниҳод кардем. Ҳамаро, ба ҷуз якто – маълумотнома аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин чӣ маълумотнома аст ва дар он чӣ бояд навишта шавад, касе намедонад, зеро пештар ин гуна ҳуҷҷат дар рӯйхати аснод набуд. Ба КДАМ барои дарёфти ин маълумотнома “АП” 14-уми августи 2020 муроҷиат карда буд, вале то кунун ҳеч посухе дарёфт накардааст. Дирӯз, 28 август, мо аз Вазорати фарҳанг посух гирифтем, ки санадҳои мо ҳоло ҳам “дар баррасӣ қарор доранд”…

Ба мавзуи сабти ном шудан дар Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меагрдем: дар ин ниҳод  бар сари шаҳодатномаи сабти номи “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанг пойфишорӣ мекунанд, зоҳиран, комилан бовар надоранд, ки чунин як расона дар ҳақиқат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Хуб, дигар чӣ кор кунем, иҷоза нест, пас нест – мо шаҳрвандони қонунмадорем, мавзуъҳои дигарро инъикос мекунем. Танҳо ҳаминро бояд илова кард, ки соли гузашта, ба таври номаълум сайти асосии «Азия-Плюс» – www.news.tj шикаста ва дастнорас гардид. Худи сайт соли сеюм аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон масдуд карда шудааст. Вале дар ҳамин ҳол мақомоти кишвар далели масдуд шудани сайтро рад мекунанд ва инро “мушкили фаннӣ” маънидод мекунанд.

Редаксияи Asia-Plus

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...